Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп аз Тиллерсон эҳёи равобит бо Русияро дархост кард


Рекс Тиллерсон

Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп ба ӯ дастур дода буд, ки корро дар заминаи эҳёи равобити Вашингтон ва Маскав пеш бубарад.

Ба гуфтаи Котиби Давлатӣ, сарвари Кохи Сафед аз ӯ хост корро тавре ба роҳ монад, ки маълумот дар бораи дахолати Русия ба умури интихоботи президентӣ ба азсаргирии равобит халал нарасонад. Тиллерсон оиди таҳқиқот ҷузъиёт надод ва гуфт, ки дар ин робита маълумоти кофӣ надорад.

Ин мақоми амрикоӣ зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии Веллингтон гуфт, ки ҳоло равобити Русия ва Амрико дар поёнтарин сатҳ қарор дорад.

Ӯ пеш аз ин дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки дахолати Русия ба умури интихобот бисёр хуб "ҳуҷҷатгузорӣ" шудааст, аммо таъкид кард, ки равобит бо Русияро бояд ба сатҳи ҷавобгӯи манофеи миллии Амрико баргардонд.

Таҳқиқи парвандаи дахолати Русия дар умури интихоботи соли 2016 дар Амрико ҷараён дорад. Идораҳои истихбороти Амрико тахмин мезананд, ки Русия эҳтимолан барои ба фоидаи ҷумҳурихоҳон анҷом шудани натиҷаи интихобот таъсир гузоштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG