Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Зағба – Эълони номи гумонбари севум дар ҳамлаи Лондон


Юсуф Зағбаи 22-сола
Юсуф Зағбаи 22-сола

Мақомоти Бритониё номи гумонбари севум дар ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар Лондонро эълон карданд. Ӯ Юсуф Зағбаи 22-сола будааст, ки бовар меравад, шаҳрванди марокаштабори Итолиёст. Пулис гуфт, ки Юсуф Зағба дар шарқи Лондон зиста ва дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оҷонсии MI5 набуд.

Пеш аз ин, пулиси Бритониё номи ду гумонбари дигарро дар анҷоми ҳамлаи 3-юми июни шаҳри Лондон эълон кард. Аз онҳо Хуррам Шаҳзод Батти 27-сола ва Рашид Ризвони 30-сола ном бурда мешавад.

Хуррам Шаҳзод Батт, падари ду фарзанд, ҳамроҳ бо хонаводааш давоми чанд сол дар шарқи Лондон ба сар мебурд. Вай зодаи Покистон буда, ҳаққи истиқомат дар Бритониёро дошт. Пулиси Лондон гуфт, ки Батт пештар дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оҷонсии MI5 буд.

Пулис гуфт, ки гумонбари дигар Рашид Ризвон ҳамзамон шаҳрвандии Либия ва Марокашро дошт.

Ҳарсеи ин ҳамлагар баъд аз чанд дақиқаи ҳамла ба роҳгузарон дар болои пули Лондон аз сӯи пулис кушта шуданд. Дар ҳамлаи 3-юми июн 7 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG