Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис номи гумонбарони ҳамлаи Лондонро эълон кард


Пулиси Бритониё номи ду гумонбарро дар анҷоми ҳамлаи 3 июни шаҳри Лондон эълон кард. Хуррам Шаҳзод Батти 27-сола, падари ду фарзанд, ҳамроҳ бо хонаводааш давоми чанд сол дар шарқи Лондон ба сар мебурд. Вай зодаи Покистон буда, ҳаққи истиқомат дар Бритониёро дошт. Пулиси Лондон гуфт, Батт пештар дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оҷонсии MI5 буд. Пулис аз Ричард Редуэйн ба унвони террористи дувум ном мебарад. Вай 30 сол дошт. Ричард ҳамчунин худро Рашид Элхдар меномид ва дар гузашта дар мадди назари пулис қарор надошт. Редуэйн ҳамзамон шаҳрвандии Либиё ва Марокашро дошт. Намояндагони пулиси Лондон мегӯянд, дар ҷустуҷӯи шахсияти ҳамлагари севум ҳастанд. Ҳар се ҳамлагар баъди чанд дақиқаи ҳамла ба роҳгузарон дар болои пули Лондон аз сӯи пулис кушта шуданд. Дар ҳамлаи 3 июн 7 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG