Пайвандҳои дастрасӣ

Наталя Шарина "экстремист" эълон шуд ва чор сол ҳукми шартӣ гирифт


Мудири собиқи китобхонаи адабиёти Украина Наталя Шарина

Додгоҳи Мешанскии Маскав рӯзи 5 июн мудири собиқи китобхонаи адабиёти Украина Наталя Шаринаро бо ҷурми "тундгароӣ" ва ихтилос ба чаҳор сол зиндони шартӣ маҳкум кард.

Шарина ҳукми додгоҳро сиёсӣ унвон номид. Вакили Шарина гуфт, ки аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Шарина панҷ сол ҳукми шартӣ талаб карда буд.

Созмони Афви Байналмилалӣ гуфт, ки ҳукми Шарина "нафрати комил ба волояти қонун ва нуқси сохтори додгоҳии Русияро ба намоиш гузошт.

Биноба фарзияи додгоҳ Шарина солҳои 2011-2012 китоби дар Русия мамнӯи Уна Унсо-и Дмитро Корчинскиро ро паҳн мекард ва ҳамчунин бо истифода аз авроқи чопӣ тарғиботи "зидди Русия ва зиддирусӣ" пеш мебурд. Наталя Шарина аз соли 2015 ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ буд. Ӯ худро бегуноҳ медонад.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аризаи шикоятии Шаринаро дар бораи шароити ҳабси хонагӣ сабт кард. Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи инсон -"Мемориал" Шаринаро зиндонии сиёсӣ эътироф кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG