Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳони рушди иқтисоди Русия дар соли 2017-ро пешгӯӣ мекунад


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар соли 2017 иқтисоди Русия ба 1,3 дар сад афзоиш меёбад ва ин беҳбудӣ масрафро баъди ду соли коҳиши иқтисод дар кишвар таъмин мекунад. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 4 июн нашр шуд, афзоиши бозори Русия дар соли оянда 1,4 дар сад пешгӯӣ мешавад. Соли 2016 рушди иқтисод манфӣ буд ва дар сатҳи 0,2 дар сад қарор дошт.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамзамон таъкид мекунад, ки коҳиши дастрасии Русия ба бозорҳои байналмилалӣ метавонад суръати рушди иқтисодиашро кунд кунад. Маскав аз таҳримоҳои кишварҳои ғарбӣ, ки баъда дахолат ба авзои Шарқи Украина ва ишғоли Қрим ҷорӣ шуданд, зарар дид. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки аз таъсири ҷонибии коҳиши иқтисоди Русия ва Украина, ҳамсоякишварҳои мисли Беларусия, Молдова ва Гурҷистон метавонанд суд бардоранд.

XS
SM
MD
LG