Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳангоми бозии “Реал” ва “Ювентус” садҳо тан захмӣ шуд


Садҳо нафар аз тамошобинони бозии футбол дар шаҳри Турини Итолиё захмӣ шуданд. Онҳо барои тамошои бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонии Аврупо аз тариқи пардаи бузурги телевизион дар маркази шаҳр ҷамъ шуда буданд. Ҳодиса ҳангоми тамошои бозии дастаи “Реал”-и Мадрид ва “Ювентус”-и Итолиё рух дод.

Дар ин бозӣ “Реал” бо ҳисоби 4:1 “Ювентус”-ро дар Уелс шикаст дод. Даҳ дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ издиҳоме аз маркази Турин ба самти дигар шитобид ва мардумро ба деворҳо зад.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ansa”-и Итолиё дар ин ҳодиса ҳудуди ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Хабаргузории Фаронса навишт, ки ҳафт нафар ба шифохонаҳои наздик интиқол ёфтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG