Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз ноҳияҳои Мавсилро аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ гирифтанд


Нирӯҳои Ироқ Сиҳҳа, яке аз чаҳор ноҳияро, ки дар ғарби шаҳри Мавсил зери тасарруфи гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд, тасарруф карданд. Мавсил дувумин шаҳри бузурги Ироқ ва охирин пойгоҳи муҳими ҷангҷӯёни ДИИШ дар ин кишвар гуфта мешавад.

Баробари аз даст додани ноҳияи Сиҳҳа, фақат як вулусволии дигар дар каронаи ғарбии дарёи Даҷла дар Мавсил зери тасарруфи ҷангҷӯён мемонад.

Бахши қадимии шаҳри Мавсил ҳам ҳанӯз таҳти назорати ин гурӯҳи тундрав аст.

Генерал-лейтенант Ройид Шокир Ҷавдат, афсари пулиси федеролӣ, гуфт, ки нирӯҳои таҳти фармони вай ба пешравии пайиҳами худ идома медиҳад. Мақомоти низомӣ мегӯянд, нирӯҳои Ироқ, ки аз ҳимояти нирӯҳои амрикоӣ бархӯрдоранд, бо муқовимати қобили мулоҳиза аз сӯи бақия ҷангӯҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” рӯбарӯанд.

Ин ҷангҷӯён дар миёни тақрибан 200 ҳазор нафар аз ғайринизомиҳо ба сар мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 25-уми майи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG