Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Туркманистон аз норасоии пули нақд шикоят доранд


Сокинони Туркманистон шикоят доранд, ки бо камбуди шадиди сармоя ва норасоии пули нақд дар кишвар рӯбарӯянд. Яке аз сокинон ба Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар Туркманистон касе наметавонад доллар бихарад. Ба гуфтаи ӯ, ба бозорҳои шаҳру навоҳии Туркманистон молҳои арзону на он қадар гуногун оварда мешавад ва дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод, пойтахти ин кишвар низ муштариён интихоби зиёд надоранд.

Шореҳ аз шаҳри Ишқобод Амонмурод Бугаев мегӯяд, бештари сокинони Туркманистон бо норасоии шадиди сармоя рӯбарӯянд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки маҳсулотро аз фурӯшгоҳҳо қарз гиранд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, қарз гирифтани маҳсулот аз фурӯшгоҳҳо ҳоло дар Туркманистон як падидаи маъмулию сартосарӣ шудааст. Ҳамчунин "бонкҳои пинҳонӣ" низ бештар шудаанд. Сокинон ба далели таъхири маош ва набудани пули нақд маҷбур мешаванд, ки дар баъзе ҳолатҳо барои чанд моҳ қарз гиранд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Туркманистон ҷамъан ба маблағи 50 миллиард доллар сохтмони иншооту биноҳои замонавӣ идома дорад. “Вақте кишварро бекории сахт домангир шудааст ва мардум наметавонанд, маош бигиранд, ин сохтмонҳо ба кӣ лозиманд?! Ба мо қасру хонаҳои боҳашамат даркор нест. Бисёриҳо норозиянд”, - афзуд Бугаев.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG