Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осмаев баъди як сӯиқасд дар бемористон қарор дорад


Марди чечентаборе, ки аз ҷониби мақомоти Русия барои ташкили сӯиқасд ба ҷони президент Владимир Путин муттаҳам мешуд, дар шаҳри Киев аз тири туфанги ҳамлагаре маҷрӯҳ шуд. Мақомоти Украина ин ҳодисаро кӯшиши сӯиқасд ба ҷони Адам Осмаев номиданд. Вазорати умури дохилаи Украина гуфт, ки ин ҳодиса шоми 1 июн рух дод ва ҳамлагари эҳтимолӣ марде буд, ки худро як хабарнигори фаронсавӣ муаррифӣ кард, ки мехоҳад бо Осмаев мусоҳиба анҷом диҳад.

Вазорат гуфт, замоне, ки Осмаев ва ҳамсараш Амина Окуева дар дохили мошин бо ин мард буданд, ӯ ба сӯи Осмаев ду тир холӣ кард. Окуева дар паи ин аз силоҳи худ ба сӯи ҳамлагар тир андохт. Ҳоло ҳарду дар бемористон қарор доранд.

Осмаев, ки аз Чеченистони Русия буда дар Бритониё таҳсил кардааст, моҳи феврали сои 2012 дар Украина боздошт шуд ва дар нигаҳдошти ғайриқонунии маводи тарканда, тахриби моликияти хусусӣ ва тақаллубкорӣ маҳкум шуд. Бо дархости мақомоти Русия ӯро баъдан дар талоши қатли Путин ҳам маҳкум карданд.

Ноябри соли 2014 баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва пуштибонии ин кишвар аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина равобити Киеву Маскав бад шуд. Мақомоти украинӣ баъди ин аз парвандаи Осмаев иттиҳоми кӯшиши сӯиқасд ба ҷони Путинро ҳазф карданд ва мӯҳлати дар ҳабси муваққат буданашро ҳамчун ҳукми зиндон ҳисоб карданд. Баъди ин Осмаев ва Окуева дар ҷанги миёни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабон, ки то имрӯз ҷони 9900 нафарро гирифтааст, аз ҷониби Украина ҷангидаанд.

XS
SM
MD
LG