Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Алӣ Фирӯз паноҳгоҳ надод


Алӣ Фирӯз
Алӣ Фирӯз

Мақомоти Русия ба шаҳрванди Узбакистон ва рӯзноманигори нашрияи “Новая газета” Алӣ Фирӯз, ки аз ин кишвар дархости паноҳандагии муваққатӣ карда буд, ҷавоби рад доданд. Рӯзноманигор дар Фейсбук навишт, ки дар баробари ҷавоби рад Хадамоти муҳоҷирати Русия ба консули “кишвари аврупоӣ” иҷозат надод, ки ӯро бо худ барад.

Вай афзуд, баъд аз номаи “Новая газета” ба президент Владимир Путин масъулони Вазорати умури дохилии Русия бо нашрия тамос гирифта, ваъда доданд, ки ба рӯзноманигор паноҳандагӣ хоҳанд дод. Вале надодаанд. Фирӯз мегӯяд, ҷавоби радро ду ҳафта пеш дарёфт кардааст.

Шаҳрванди Узбакистон Алӣ Фирӯз, ки номи асосиаш Худойбердӣ Нурматов аст, миёнаҳои моҳи марти имсол дар шаҳри Маскав бо ҷурми нақзи қоидаҳои муҳоҷират боздошт шуд.

Шиносномаи ӯро соли 2012 дуздиданд. Ҳоло ӯ наметавонад, барои гирифтани шиносномаи нав ба ватан баргардад. Зеро, ба гуфтаи Норматов, эҳтимол аст, дар Узбакистон ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор кунанд.

XS
SM
MD
LG