Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ихроҷи афғонҳо, ки дар заминаи дархости паноҳандагӣ ҷавоби рад гирифтаанд, сарфи назар аз таркиши пурқурбонӣ дар Кобул идома меёбад.
Изҳороти Меркел рӯзи 1 июн, як рӯз баъд аз таркиш дар минтақаи диплломатнишини Кобул садо дод, ки дастикам 90 нафарро қурбон кард. Дар ин таркиш 400 нафари дигар захмӣ шуданд. Баъди таркиш Олмон парвози ҳавопаймоеро лағв кард, ки бояд паноҳандагони дархосташон радшударо ба Афғонистон мебурд.
Садри аъзам гуфт, ки Берлин қабл аз ихроҷи паноҳҷӯён вазъи амниятии Афғонистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунад.
"Таркиши Кобул заминаеро ба вуҷуд овард, ки вазъи амниятӣ дар ҳар вилоят эҳтиёткорона омухта ва таҳлил шавад", -гуфт Меркел ва афзуд, ки қазияи ҳар нафар бо тамаркуз ба ихроҷи ҷинояткорони афғон, ки паноҳандагиашон рад шудааст, омӯхта мешавад.
Дар гузашта, паноҳандагони афғон, ки ҷавоби рад гирифта буданд, бинобар вазъи амниятии Афғонистон иҷозат доштанд дар Олмон бимонанд. Аммо соли гузашта Берлин қарор кард, то бархе паноҳандагонро, ки дар минтақаҳои амни Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ба ватан баргардонад.