Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи марз “протокол” имзо карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон баъд аз танаффуси чандсола масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишварро дар Душанбе баҳс карда, як протокол имзо намуданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар як иттилоияи мухтасар гуфт, ки музокироти ҳайатҳои ду тараф се рӯз идома кардааст. Вале ҳеҷ тафсилоти бештар аз ин дар даст нест.

Аз рӯи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар музокирот ҳайати Тоҷикистонро Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷӣ ва аз Узбакистон Илҳом Неъматов, сафири дастурҳои махсус раҳбарӣ карданд. Музокирот дар ин мавзӯъ баъди дар Узбакистон ба сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев аз сар гирифта шуд.

Масъалаи вуҷуди қаламравҳои баҳсии марзӣ ва адами тасмим дар заминаи аломатгузории дақиқи хатти марзи байни ду кишвар пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлоли ҷумҳуриҳои узви ин иттиҳод пеш омад. Мақомот дар Душанбе ва Тошканд мегӯянд, то ҳол беш аз 90 дар сади сарҳади беш аз 1300-километрӣ таъйину аломатгузорӣ шудааст ва фақат 60 километри дигар мондааст, ки бояд ду тараф сари тақсими он ба мувофиқа бирасанд.

Вале ҳамин масъала ҳам гоҳо боиси эҷоди мушкил барои сокинони марзии ду кишвар мешавад, ки бо сабаби набуди хатти дақиқи марз дар қаламравҳои баҳсӣ, дучори мушкил, боздошт ва муҷозот мешаванд.

XS
SM
MD
LG