Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо: Трамп Амрикоро аз аҳдномаи Порис хориҷ мекунад


Доналд Трамп

Интизор меравад, Доналд Трамп Амрикоро аз аҳдномаи зистмуҳитии Порис берун кашад. Ин аҳднома соли 2015 барои мубориза бо тағйирёбии иқлим имзо шуда буд.

Хабаргузории Reuters аз қавли манбае, ки дар ин бора рӯзи 31-уми май гузориш гирифтааст, мегӯяд, Трамп дар пайи татбиқи ваъдаи маъракаи интихоботияш Амрикоро аз созишномаи Порис хориҷ мекунад.

Як мақоми Кохи Сафед ба хабаргузории Ассосiated Press гуфт, Доналд Трамп эҳтимол тасмимашро бо шевае эълон мекунад, ки имкони ниҳоӣ набудани қарорро боз мегузорад.

Мақоми дигари баландпояи Кохи Сафед низ ба ABC News гуфт, "Трамп эҳтимол аз аҳдномаи зистмуҳитии Порис хориҷ мешавад". Аммо ба таъкиди ин мақомдор, ҳеҷ тасмиме то замони эълони расмӣ аз ҷониби президент, ниҳоӣ нест.

Доналд Трамп, ки дар гузашта хуруҷи ИМА-ро аз ин аҳднома таъкид карда буд, дар нишасти ахири G7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон, дар Ситсилияи Итолиё тааҳуди Амрикоро дар пуштибонии ин созишнома тасдиқ накард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG