Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори зиндониёни тундгарову террорист дар Қазоқистон


Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзӯи тундгароӣ дар зиндонҳо. 29 майи соли 2017
Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзӯи тундгароӣ дар зиндонҳо. 29 майи соли 2017

Дар Қазоқистон шумори зиндониёне, ки бо ҷурми тундгароиву терроризм маҳкум мешаванд, афзоиш меёбад. Дар ин бора созмони "Ислоҳоти байналмилалии зиндониён" дар Осиёи Марказӣ гузориши таҳқиқотӣ нашр кард.

Се сол пеш 154 нафар бо ҷурми тундгароиву терроризм дар Қазоқистон зиндонӣ шуданд. Ин рақам дар соли 2016 ба 327 нафар расид.

Марат Когамов, раиси шӯрои ҷамъиятӣ дар умури мақомоти корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, аксари кулли тундгароҳо - афроди бекор ҳастанд. Дар байни тундгароён мансабдор, санъаткор ва ё соҳибкорон тақрибан дида намешавад. "Ин ба маъноест, ки сиёсати иҷтимоии давлат бояд рушд ёбад, такмил шавад", - мегӯяд Когамов.

Дар доираи таҳқиқоти мазкур, созмон бо 200 нафар, ки бо ҷурми тундгароиву терроризм зиндонӣ шудаанд, пурсиш гузаронд. Ин созмон мегӯяд, ҳоло дар зиндонҳои Қазоқистон беш аз 3 ҳазор диндор, аз ҷумла 763 пайрави ҷараёни салафия, бештар аз 90 пайрави ақидаҳои тундгароӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар таҳқиқот омадааст, Қазоқистон ба руҳониёни касбӣ, ки тавонанд пеши роҳи тундгароиро бигиранд, ниёз дорад. Созмон пешниҳод дорад, ки бо истифода аз таҷрибаи Нидерландия Қазоқистон ба зиндонҳо имом бифиристад.

XS
SM
MD
LG