Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ду ноҳияи Тоҷикистон


Абдуалим Исмоилзода
Абдуалим Исмоилзода

Раҳбарони ду ноҳияи вилояти Хатлон иваз шуданд.

Бино ба фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми май содир шуд, дар мақоми раҳбарии ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Бар асоси ин фармонҳо, раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуалим Исмоилзода аз мақомаш озод ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардидааст. Феълан ба ҷойи ӯ Рамазон Оймаҳмадзода идораи ноҳияи Шаҳритусро бар дӯш гирифтааст.

Оймаҳмадзода ба мақоми наваш аз курсии раиси ноҳияи Носири Хусрав омад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло Нуриддин Садриддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав шудааст.

XS
SM
MD
LG