Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди сафорати Фаронса дар куҳҳои Тошканд ба ҳалокат расид


Акс аз бойгонӣ

Роҳбари хадамоти амнияти сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон дар куҳҳои наздики шаҳри Тошканд ҳангоми парвоз бо параплан - як дастгоҳи парвозии бидуни муҳаррик ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса авохири ҳафтаи гузашта рух дод.

"Бале, корманди мо дар Чимгон ҳангоми парвоз бо параплан ҳалок шуд. Вай шаҳрванди Фаронса буд", - гуфт як манбаъ аз сафорати Фаронса.

Бино бар иттилои сафорат, ҷасади ин шаҳрванд ҳанӯз дар Тошканд буда, масъалаи интиқолаш ба Фаронса баррасӣ мешавад.

"Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон бо андуҳи зиёд аз марги кормандаш майор Франсис Делег хабар ёфт. Ин ҳодиса рӯзи 27 май рух дод. Франсис Делег роҳбарии хадамоти амниятии сафоратро бар дӯш дошт. Вай ин вазифаро ҳамзамон дар Тоҷикистону Туркманистон иҷро мекард", - омадааст дар сомонаи сафорати Фаронса.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG