Амируллои Асадулло (Амирулло Холов), раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз бародарони ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, “барои ба кори дигар гузаштан” аз мақомаш озод шудааст. Фармони президенти Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 30-юми май содир шуд. Мақоми нави Амируллои Асадулло ҳанӯз эълон нагардидааст ва дақиқ нест, ки ӯ корро дар кадом ниҳод идома хоҳад дод.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Амируллои Асадулло, яке аз бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, моҳи феврали соли 2014 ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуда буд. Вай то он замон раҳбарии ноҳияи Ҷалолуддини Балхиро бар уҳда дошт ва аз мақомдорони “ошиқ”-и шеъру шоирӣ ҳам дониста мешавад. Амируллои Асадуллои 48-сола дар гузашта раҳбари корпоратсияи тиҷории “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистон буд.
Ҳоло Абудалим Исмоилзода иҷрокунандаи вазифаи шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардидааст. Искандар Абдуллоев, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муаррифии Исмоилзода рӯзи сешанбе сурат гирифтааст. Вай то ин дам дар мақоми раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон кор мекард.
Абдуалим Исмоилзода низ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи охиринашро баргузор карда ва барои идомаи кор ба маркази маъмурии вилояти Хатлон рафтааст.
Рамазон Оймаҳмадзода, ки то ин вақт дар мақоми раиси ноҳияи Носири Хусрав буд, феълан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин шудааст. Нуриддин Садриддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав аст.