Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Ғафурову Лайлак мехоҳанд, равуо соддатар шавад


Бозори "Фаровон" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳам инҷо барои харид меоянд.

Мақомот ва соҳибкорону тоҷирони ноҳияҳои Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон дар ҳамоише дар ҷамоати Хистеварз пешниҳод карданд, ки тартиби гузари сокинони наздимарзӣ ва нақлиёти онҳо соддаву арзонтар гардонида шавад.

Дар ин маҳал марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро як роҳи мошингард ҷудо мекунад. Сарҳад боз ва равуои сокинон бидуни виза аст. Сокинони ноҳияҳои Ғафуров ва Лайлак бидуни мушкилӣ ва монеаҳои ҷиддӣ ба бозорҳои наздимарзӣ равуо ва бо якдигар додуситад мекунанд.

Мақомоти ҳарду ҷониб ба тиҷорати байни сокинони назди марзӣ, ки умдатан маҳсулоти кишоварзиро харидуфурӯш мекунанд, халал намерасонанд.

Раъно Шарифова, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафуров муаллима аст ва аз фанни забони русӣ ба бачаҳо дарс мегӯяд. Ӯ барои пешбурди рӯзгор меваю сабзавоти боғашонро ба бозори наздимарзӣ мебарорад.

Бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раъно Шарифова мегӯяд, “мо маҳсулоти кишоварзии аз эҳтиёҷи худамон зиёдро ба фурӯш мегузорем. Масалан, ман ба бозорчаи қирғизҳо қулфинай ва консерви сабзавоту меваро мебарорам. Аз онҳо ширу равған ва қаймоқ мехарам. Моли онҳо хонагиву табиӣ ва бомазза аст.”

Ин сокини Овчи Қалъа афзуд, дар замони шӯравӣ инҷо марз набуд ва баъди ҷудо шудани кишварҳову сарҳадбандӣ равуои сокинони наздимарзӣ душвор шудааст. Онҳоро гумрукиён ва сарҳадбонон нигаҳ медоранд ва шиносномашонро муҳр зада, иҷозаи убури марз медиҳанд.

Агар моли зиёдтар дошта бошанд, онро тагурӯ ва тафтиш мекунанд. Хонум Шарифова умедвор аст, ки тартиби гузар ва равуо соддатар гардад. Ӯ умедвор аст, ки мулоқотҳои соҳибкорону тоҷирон ва мақомоти маҳаллии тоҷику қирғиз ба беҳтар гардонидани шароити ҳамзистиву тиҷорат ва додуситади тоҷирони наздимарзии тоҷику қирғиз бо ҳамдигар ёрӣ мерасонад.

Усмонхон Турсунов, сокини деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тоҷир аст ва масолеҳи сохтмон мефурӯшад. Ӯ мегӯяд, барои харидорони тоҷикаш низ аз марз мол мегузаронад. “Ман аз муносибати сарҳадбонҳову гумрукчиён ва ҳамтоёни тоҷикам ба сурати умум, розиам”, -мегӯяд ӯ. Вале ин соҳибкори қирғиз дар ҳамоиши Хистеварз мегӯяд, шароиту тартиби гузар ва савдо дар бозорҳои наздимарзӣ беҳтар гардонида шавад, ба суди ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Дар ҷамоатҳои наздимарзии Хистеварз ва Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ва Қулундуву Аркаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чор бозори наздимарзӣ фаъол аст, ки дар рӯзҳои муайяни ҳафта сокинону тоҷирони ҳар ду кишвар дар онҳо харидуфурӯш мекунанд. Гузар ва хариду фурӯш нисбатан озодона сурат мегирад. Қисмати умдаи сокинони наздимарзии ҳарду кишвар камбизоат мебошанд ва тиҷорати хурд василаест, ки бори аробаи рӯзгори худро мекашанд.

Вале ба сурати умум Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам муомилаҳои тиҷоратии зиёд надоранд. Муомилаҳои тиҷории ин кишварҳои ҳамсоя умдатан бо роҳи Бодканду Суғд анҷом мегирад ва бар пояи омори расмӣ, Қирғизистон дар байни 5 шарики аслии тиҷоратии Суғд ҷой надорад ва саҳми он дар содироту воридоти мол ба ҳудуди як сад баробар меояд.

Байни сокинони ду тарафи марз гоҳо ҷанҷолу моҷароҳо рух додааст.
Байни сокинони ду тарафи марз гоҳо ҷанҷолу моҷароҳо рух додааст.

Додуситади мол байни сокинони наздимарзиии тоҷику қирғизро касе ҳисоб накардааст. Сокинони наздимарзӣ танҳо ҳамин қадар мегӯянд, ки чархи рӯзгори даҳҳо нафари онҳо аз ҳамин тиҷорати хурд бо ҳам дар гардиш аст. Ба назари онҳо, агар тартиби равуо содатар ва шароити бозорҳои наздимарзӣ беҳтар гарданд, савдои наздимарзӣ рушд хоҳад кард ва равобити ҳамсоядории байни ин ду минтақа ҳам мебҳбуд меёбад. Ин ҳамон арзишест, ки барои ҳифзи субот дар минтақаи марзӣ хеле муҳим аст.

Дар гузашта дар натиҷаи чандин ихтилофе, ки дар марзи миёни ду кишвар рух додааст, асосан баҳси сари масоили маишии мисли дастрасӣ ба обу чарогоҳ баҳона шуда гоҳо ба моҷароҳои пурхушунат гаравидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG