Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои мулоқот бо Макрон ба Фаронса рафт


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 29 май барои мулоқот бо президент Эммануэл Макрон, вориди Фаронса шуд. Мулоқоти ду раҳбар дар Версал, канораҳои Порис баргузор мешавад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки мавзӯи аслии музокирот "мубориза бо тероризм" ва равобити байни Русияву Фаронса аст. Макрон қаблан гуфта буд, ки бо Путин "муколамаи сахтгирона" пеш мебарад ва дар робита ба фаъолиятҳои Маскав дар Украина ва Сурия гузашт намекунад.

Дар остонаи мулоқот ҳомиёни ҳуқуқи башар аз созмони Human Rights Watch аз президент Макрон даъват карданд, ки бо Путин мавзӯи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистонро баҳс кунад. Наздикони шаҳрвандони Украина, ки дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, низ аз Макрон хостанд, ки сарнавишти онҳоро бо Путин дар миён гузорад.

Баҳонаи аслии сафари Путин ба Фаронса ифтитоҳи намоишгоҳи бахшида ба импертор Петри I дар Версал аст.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш Макрон чандин бор ба масъулияти Русия дар ҳаводиси Украина ва Сурия таъкид карда Маскавро дар нақзи муқаррароти байналмилалӣ айбдор намуд. Путин, дар навбати худ, дар Маскав рақиби интихоботии Макрон – номзади популист Марин Ле Пенро пазироӣ кардааст. Дар остонаи ин мулоқот Александр Орлов, сафири Русия дар Париж гуфт, бояд миёни ду ҷониб марҳилаи бунёди эътимод шурӯъ шавад:

XS
SM
MD
LG