Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии маблағ ба ду ҳомии кушташудаи духтарони мусалмон дар Амрико


Ин мардро барои ҳимоя аз занҳои мусалмон куштанд
Ин мардро барои ҳимоя аз занҳои мусалмон куштанд

Мусалмонҳои шаҳри Портленди Ийолоти Муттаҳидаи Амрико барои оилаи ду мард, ки рӯзи 26 май, ҳангоми ҳимояи духтарони мусалмон аз як ҳамлагар ҷони худро аз даст доданд, маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Гуфта мешавад, озори ду духтари наврас, ки якеаш ҳиҷоб пӯшида буд, дар заминаи бадбинии мазҳабӣ сурат гирифт.

"Ман миннатдории худро ҳамчун як мусалмон, ҳамчун як сокини Портленд баён мекунам... мо ҳама инҷо якдилу яктан ба ҳам омадаем" - гуфт Муҳаммад Наҷиб, имоми Маркази Ҷомеаи Мусалмонҳои Портленд рӯзи 28 май.

Наҷиб мегӯяд, ки духтарҳо метавонистанд қурбон шаванд, вале ду марди қаҳрамон ба кӯмаки онҳо шитофт ва наврасҳоро наҷот дод. Гуфта мешавад, ин духтарҳо 16-17 сола буданд.

Ба гуфтаи имоми Маркази Ҷомеаи Мусламонҳои Портленд, сомонаи хайрия, ки барои ҷамъоварии маблағ ба хонаводаи ду қурбонӣ ва ҷабрдидаҳо боз шуд, танҳо дар соатҳои аввал 50 ҳазор доллар дарёфт кард.

Пулис Ҷереми Ҷозеф Кристиан, як марди 35 соларо ба куштори ду мард муттаҳам кардааст.

Кристиан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу шарҳҳоеро нашр мекард, ки ба ақоиди фашистӣ наздик буд ва зӯроварии сиёсӣ талқин мекард.

Ҳодиса дар қатори байнишаҳрӣ дар ҳоле рух дод, ки Ҷереми Кристиан бо таҳқири қавмӣ ва мазҳабӣ ба сари ду духтари наврас фарёд кашид. Ду марде, ки мехостанд аз духтарҳо ҳимоят кунанд, бо зарби корд кушта шуданд.

Ба гуфтаи Сержанти пулис Пит Симпсон ҳамлагар аз нафрат ва каломи муғризона кор гирифтааст.

Нахустин зуҳури Ҷереми Кристиан дар додгоҳ 30 май сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG