Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Рӯзҳои 27-28 май бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон, дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расид.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат дар меҳмонӣ бар “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи мизбон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Бозии «Барқчӣ»-и Ҳисор дар Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. ССКА “Помир”-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. “Ҳулбук”-и Восеъ низ бозиро бо дастаи меҳмон - «Эсхата»-и Хуҷанд – бидуни гол ба поён расонд.

Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 июн барпо мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои аввал

27 май (шанбе)

«Барқчӣ» – «Равшан» – 2:2

Голҳо: Шериддин Бобоев, 31 (1:0). Кароматулло Саидов, 37 (2:0). Умедулло Умедуллоев, 47 (2:1). Умедулло Умедуллоев, 71 (2:2).

27 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

«Вахш» – «Сомон» – 3:2

Голҳо: Холмурод Назаров, 20 (1:0). Далер Умаров, 39 (2:0). Парвиз Саидмуродов, 58 (3:0). Хайрулло Қодиров, 68 (3:1). Алиҷон Баротов, 77 (3:2).

27 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 500 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Эсхата» – 0:0

27 май. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Зарафшон» – «Ваҳдат» – 0:1

Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров, 18.

27 май. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

28 май (якшанбе)

ССКА «Помир» – «Панҷшер» - 0:0

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 200 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» -2:3

Голҳо: Дилшод Бозоров, 8 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 12 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 37 (1:2). Фарҳод Тоҳиров, 73 (1:3). Фирӯз Раҳматов, 90+4 – аз пеналтӣ (2:3).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошбин.

Дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 12 даста рақобат мекунад, ки ғолибони ҷуфтҳо ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон ва “Ҳосилот”-и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар, ба мубориза барои Ҷом аз даври чорякниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG