Пайвандҳои дастрасӣ

Ун хост, системаи мушакии зидди ҳавопайморо тақвият диҳанд


Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ (дар байн)

Куриёи Шимолӣ мегӯяд, раҳбари ин кишвар озмоиши системаи мушакии зидди ҳавопайморо назорат карда, дастур додааст, ки ин система тақвият ва дар ҳама ҷо насб шавад. Хабаргузории давлати Куриёи Шимолӣ рӯзи 28-уми май гузориш дод, ки Ким Ҷонг Ун озмоишро шахсан аз наздик мушоҳида кардааст.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, Ун аз озмоиш розӣ шуда ва дастур додааст, ки тавлиди системаи мушакии зидди ҳавопаймо низ афзоиш ёбад.

Куриёи Шимолӣ то кунун ду озмоиши ҳастаӣ ва чандин озмоиши мушакҳои баллистикиро анҷом додааст. Ин рафтори Куриёи Шимолӣ бо интиқод ва вокунишҳои тунди Амрико, кишварҳои ғарбӣ ва Куриёи Ҷанубӣ рӯбарӯ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG