Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатвои нав. Уламо ҳамлагарони маргталабро “хоин” номиданд


Парчами Покистон
Парчами Покистон

Як гурӯҳ аз уламои барҷастаи динӣ дар Покистон алайҳи ҳамлаҳои интиҳорӣ ё маргталабона ва истифода аз зӯр бо ҳадафи ҷорӣ кардани шариати ислом фатво содир карданд. Ин фатво рӯзи 27-уми май дар Исломобод аз сӯи 31 нафар рӯҳонии шинохта имзо шудааст.

Дар фатво терроризм ва ифротгароӣ мазаммат шуда, ҳамлагарони маргталаб ё худкуш ва пуштибонҳояшон “хоин” муаррифӣ гардидаанд.

Дар фатво гуфта шудааст, ки ҳаққи эъломи ҷиҳод танҳо ба як давлати исломӣ тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG