Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бжезинский – мушовири президенти собиқи Амрико даргузашт


Збигнев Бжезинский
Збигнев Бжезинский

Збигнев Бжезинский, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури пешини Амрико Ҷиммӣ Картер дар солҳои буҳронии гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Эрон ва ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон, рӯзи 26-уми май дар 89-солагӣ даргузашт. Картер ӯро “як ходими олии мардум” ва “як шахси вафодору бузург” хондааст.

Бжезинский дар Амрико таваллуд нашуда, вале дар умури ҷаҳонӣ нуфузи чашмгир дошт. Вай дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, ба дунё омада ва дар Канада бузург шудааст.

Дар буҳрони гаравгонгирии амрикоиҳо дар Эрон дар соли 1979-ум Збигнев Бжезинский ба ин натиҷа расид, ки раҳоии онҳо дар Теҳрон аз тариқи музокира ба ҷое намерасад. Вай хостори иқдоми низомӣ шуд.

Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ Афғонистонро ишғол кард, Бжезинский аз мусаллаҳ сохтани муҷоҳидин бар алайҳи шӯравиҳо ҳимоят кардааст. Шӯравӣ ӯро “душмани ташаннуҷзудоӣ” хонда буд.

XS
SM
MD
LG