Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳ як моҳ баъди қатли донишҷӯ дубора боз шуд


Донишгоҳи Абдулвалихони шаҳри Мардон дар шимолуғарби Покистон рӯзи 25 май дубора боз шуд. Ин донишгоҳ баъди куштори дастаҷамъии як донишҷӯи муттаҳам дар куфргӯӣ дар таърихи 14 апрел баста шуд.

Мақомоти донишгоҳ ба Радиои Машъал гуфтанд, ки то фароҳам шудани шароити муносиб хобгоҳҳои донишгоҳ баста боқӣ мемонанд. Дар даромадгоҳи донишгоҳ чораҳои шадиди амниятӣ танзим шудааст. Донишҷӯён ба Радиои Машъал гуфтанд, волидонашон ба онҳо машварат додаанд, ки дар макони таҷаммӯи афроди зиёд ва ҳам маконҳои баҳсҳои сиёсӣ ҳозир нашаванд.

Машъалхони 23-сола, ки дар риштаи журналистика таҳсил мекард, рӯзи 13 апрел дар ҳудуди донишгоҳ аз ҷониби гурӯҳи калони ҳамлагарон кушта шуд. Ӯро барои пахши матолиби куфр дар шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор карданд. Полис гуфт, ки иттиҳомоти зидди донишҷӯ дар заминаи куфргӯӣ як дурӯғ буд. Полис то ин замон бо иттиҳоми куштори донишҷӯ 50 нафарро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG