Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп Кореяи Шимолиро "мушкили калон" номид


Дар остонаи нишасти G7 Трамп бо Абе гуфтугӯ анҷом дод

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 26 май гуфт, Кореяи Шимолӣ, ки дар ин охирҳо чандин озмоиши мушакӣ анҷом додааст, “як мушкили калони” сиёсати хориҷии ИМА мебошад. Трамп ин назарҳояшро дар остонаи нишасти кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон G7 дар Сисилияи Итолиё баъди мулоқот бо нахуствазири Ҷопон Синзо Абе баён кард.

“Мо дар ин замина бисёр фикр мекунем. Ин як мушкили калон аст, ин як масъалаи сатҳи ҷаҳонӣ аст ва он ҳал хоҳад шуд. То андозае ҳал хоҳад шуд. Мутмаин бошед”, гуфт Трамп.

Барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ барои маъмурияти Трамп ҳамчун як чолиши муҳими амниятӣ арзёбӣ мешавад. Президент ҳушдор додааст, ки пеши роҳи ин кишварро аз ҳадаф қарор додани ИМА мегирад. Коршиносон мегӯянд, ки баъди соли 2020 эҳтимолан Пхенян дар заминаи ин барномаҳои мушакҳои ҳастаиш хеле пешрафт кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG