Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: FBI тамоси домоди Трампро бо Русия меомӯзад


Ҷаред Кушнер - домоди раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп
Ҷаред Кушнер - домоди раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Расонаҳо рӯзи 25 май навиштанд, ки домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер зери заррабини FBI - Идораи федеролии тафтишоти Амрико, ки робитаи ёвари Трампро бо Русия месанҷад, қарор дорад

Ба гуфтаи манобеи Washington Post ва NBC News, Кушнер барои мулоқот бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк ва раҳбари бонки давлатии "Внешэкономбонк"-и ин кишвар Сергей Горков дар соли 2016, мавриди таваҷҷуҳи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифтааст. Номи Горков соли 2014 ба рӯйхати таҳримшудаҳои ИМА ворид шуд.

Расонаҳо мегӯянд, таваҷҷуҳи мақомоти тафтишот ба мушовири президенти ИМА ва шавҳари духтараш Иванка Трамп маънои онро надорад, ки ӯро ба содир кардани ҷинояте гумонбар медонанд ва ё ба чизе мехоҳанд айбдор кунанд.

Ҳуқуқшиноси Кушнер Ҷеми Горелик хабар дод, ки мушовири Трамп бо муфаттишон ҳамкорӣ хоҳад кард. "Ҷаноби Кушнер пештар гуфта буд, ки ҳар чизеро дар бораи ин вохӯриҳо медонад, омодааст, ба аъзои конгресс бигӯяд. Ҳозир ҳам агар зарурате пеш ояд, ин корро анҷом хоҳад дод", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG