Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси турк аз Туркманистон ҷубронпулӣ талаб дорад


Кормандони ширкати "Polimeks"-и Туркия дар Туркманистон
Кормандони ширкати "Polimeks"-и Туркия дар Туркманистон

Мутахассиси турк Эрол Эгрик аз ширкатҳои Туркманистон барои фаъолиятҳояш ҷубронпулӣ талаб дорад.

Ӯ мегӯяд, ҳамроҳ бо хонаводааш соли 2004 ба Туркманистон рафт ва то соли 2009 дар ин кишвар ба ҳайси мутахассиси дастгоҳҳои электронӣ дар ширкатҳои "Чалик Гроуп", корхонаи нассоҷии "Балкан", корхонаи нахкашӣ ва корхонаи ҷинсбофии "Туркманбошӣ" кор кард.

Эгрек мегӯяд, ширкати "Чалик Гроуп" ӯро бесабаб аз кор пеш карда ва ҷубронпулӣ надод. Мутахассиси турк мегӯяд, ба додгоҳ шикоят бурд, аммо ҳеч зинаи додгоҳие даъвои ӯро қонеъ накард.

Ӯ ахиран ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов муроҷиат кард ва хост, ки барои баргардонидани 80 ҳазор доллари ҷубронпулиаш мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG