Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Туск гуфт, ки Аврупо бо Трамп забони муштарак наёфт


Доналд Трамп ва Доналд Туск
Доналд Трамп ва Доналд Туск

Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гуфт, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар чанд масъалаи муҳими нишасти рӯзи 25 май дар Брюссел ба созиш нарасиданд.

Туск ба хабарнигорон дар пойтахти Белгия гуфт, ҳарчанд дар масоиле монанди муқовимат бо терроризм созиш ҳосил шуд, аммо ба гуфтаи ӯ, баъзе масъалаҳо аз ҷумла, иқлим ва тиҷорат боз боқӣ монданд.

Трамп дар нахустин сафари хориҷиаш ба сифати раиси ҷумҳур бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, Федерика Могерини, раҳбари бахши сиёсати хориҷӣ, Антонио Таянӣ, раиси Порлумони Аврупо ва дигарон мулоқот кард. Мулоқот дар пасманзари ҳамла дар Манчестер ҷараён гирифт, ки рӯзи 22 май сурат гирифт ва 22 нафар кушта бар ҷой гузошт.

Раҳбарони Аврупо мехостанд инро бидонанд, ки баъди тарафдории Трамп аз берун рафтани Британия аз Иттиҳоди Аврупо Трамп ҳамкориро бо Аврупо чӣ гуна ба роҳ хоҳад монд.

"Пайғоми аслии ман ба Трамп ин буд, ки он чӣ ҳамкории мо ва дӯстии моро амиқтар ва бомазмун мекунад, арзишҳои бунёдии Ғарб, ба мисли озодӣ, ҳуқуқи башар, эҳтироми шарафи инсон аст, " - гуфт президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск.

"Вазифаи муҳимтарин ин муттаҳидсозии ҷаҳони озод дар атрофи ин арзишҳост - на фақат манфиатҷӯӣ. Арзишҳо ва усулҳо дар ҷойи аввал. Ин ҳарфест, ки Аврупо ва Амрико бояд бигӯянд", - гуфт Доналд Туск.

Трампро дар ин сафар Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон, вазири дифоъ Ҷим Маттис ва мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҳерберт Макмастер ҳамроҳӣ карданд.

Доналд Туск гуфт, агарчи ӯ ва раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба вазъ дар Украина, "дар як хат буданд", вале мутмаин нест, ки "мо дар бораи Русия мавзеъгирии ягона, назари ягона дорем."

XS
SM
MD
LG