Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додуситади Boeing ва Airbus бо Эрон зери суол меравад


Вазири молияи Амрико Стив Мнучин
Вазири молияи Амрико Стив Мнучин

Вазири молияи ИМА Стив Мнучин мегӯяд, кишвараш имкони афзоиши таҳримҳои зидди Эронро баррасӣ мекунад. Мнучин гуфт, ки эҳтимол иҷозатномаи фурӯши ҳавопаймои ширкатҳои Boeing ва Airbus ба Эрон бозбинӣ шавад.

Вазири молияи ИМА ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи зеркумитаи Конгресси ИМА афзуд, ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ аз тамоми фурсатҳо истифода мекунад, то барои ҳимоят аз амрикоиҳо бар зидди Эрон, Сурия ва Куриёи Шимолӣ таҳримҳои иловагӣ эълон шавад.

"Ин як масъалаи ҷиддӣ аст ва онро бо президент баррасӣ мекунам", - гуфт Мнучин ӯ. Ба гуфтаи вазири молияи ИМА, маъмурияти президенти Амрико ба муассир будани таҳримҳо бовар дорад.

Вазорати молияи ИМА соли гузашта дар асоси шартҳои созиши ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон иҷозат дод, ки Теҳрон ба харидории ҳавопаймоҳо даст ёбад. Шартномаи фурӯши ҳавопаймоҳо бузургтарин қарордоди тиҷоратӣ дар доираи ин созишнома аст. Теҳрон мегӯяд, лағви қарордод нақзи созишномаи мазкур хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG