Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Большой театр" аз рӯи қазияи Серебренников ба Путин шикоят кард


Владимир Путин ва Владимир Урин
Владимир Путин ва Владимир Урин

Владимир Урин, раҳбари кулли "Большой театр", бо ирсоли як нома ба раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аз бархурди номуносиб ба коргардони шинохтаи "Театри Марказии Гогол" Кирил Серебренников шикоят кард. Серебренников дар заминаи қазияи сирқат мавриди бозҷӯӣ қарор дорад ва мақомот дар манзили ӯ кофтуков анҷом доданд.

Раҳбари кулли "Большой театр" рӯзи 24 май бархурди идораҳои ҳифзи ҳуқуқ бо Кирил Серебренниковро дар сӯҳбат бо хабарнигорон "нодуруст" арзёбӣ кард.

Рӯзи 23 май гурӯҳи тафтишотӣ манзили Серебренников ва "Театри Марказии Гогол"-ро соатҳо кофтукоб кард ва худи Серебренников дар заминаи ба гуфтаи ходимони тафтишот сирқати молӣ, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуд.

Урин ба хабарнигорон гуфт, ки "Серебренников як ҳунарманд аст ва то ҷое ман медонам, ҳеҷ робитае бо масоили молӣ надорад". Ӯ изҳори умед кард, ки таҳқиқи парванда мунсифона, бар пояи қонун ва бо эҳтиром ба ҳунарманде сурат бигирад, ки ӯро тамоми ҷаҳон мешиносад.

Даҳҳо шахсияти фарҳангии Русия рӯзи 23 май ба ҳимояи Серебренников бархостанд ва бо имзои як додхост ё петитсия Серебренниковро як шахси "ростқавл, одил ва боз" арзёбӣ карданд.

XS
SM
MD
LG