Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, ки аз 26-ум то 28-уми май бо ширкати наздики 250 гуштигир (мардону занон) аз 30 кишвар дар Ҳонконг баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохиланд: Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).
Ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, Ҳонконг-2017
26 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон:-48,-52,-57,-63 кг; мардон:-60,-66,-73 кг
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими супурдани медалҳо.
27 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон:- 70, - 78, +78 кг; мардон: -81, -90, -100, +100 кг
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими супурдани медалҳо.
28 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон, маросими супурдани медалҳо.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон - Тошканд - баргузор шуда буд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 килограмм ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид.
Комроншоҳ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши пирӯз гашт. Зимнан, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд ҳашт гуштигир дохил буд, ки ҳама дар сабқати мардон рақобат намуданд. Ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, се нафар - Шӯҳратҷони Фархизода (-73 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Вале чаҳор гуштигири дигари тоҷик - Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Кароматулло Ҳакимов (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду - то 81 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 14 медал – 1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.