Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ки бино ба иттилои муқаддамотӣ, дар натиҷаи таркиши 22 май дар толори консертии шаҳри Манчестери Бритониё ягон шаҳрванди ин кишвар осеб надидааст.
Сухангӯи ВКХ Қазоқистон Ануар Жайнаков гуфт, масъулони сафорати ин кишвар дар шаҳри Лондон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ дар тамосанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар консерти ситораи амрикоӣ Ариана Гранде, ки баъди баромади ӯ дар толор таркиш рух дод, шаш донишҷӯй аз Қазоқистон низ иштирок дошт.
"Дипломатҳои мо бо ду нафари онҳо тамос гирифтанд ва мегӯянд, ки дониҷӯён сиҳату саломатанд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надоранд. Онҳо алакай бо рафиқони дигари худ макони ҳодисаро тарк карда, ба маҳалли зисташон баргаштаанд", - навиштааст Жайнаков дар Фейсбук.
Вазорат ҳамчунин аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кардааст, то бо дӯстону пайвандони худ, ки дар шаҳри Манчестер қарор доранд, тамос гирифта, аз сиҳату саломат будани онҳо мутмаин шаванд.
Ба гуфтаи пулиси Бритония, дар натиҷаи таркиши 22 май дар толори консертии Манчестер 22 нафар кушта ва 59 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Бритониё ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ таҳқиқ мекунанд.