Бино ба гузоришҳои матбуот, рӯзи 23-юми май маркази тиҷоратии "Арндейл" дар шаҳри Манчестер «эвакуатсия» ё тахлия шуд.
Хабаргузории Reuters аз қавли пулис мегӯяд, онҳо бо ҳодисае дар маркази тиҷорат сарукор доранд ва шоҳидон мегӯянд, ки садои таркишро шуниданд. Reuters баъдан гузориш дод, ки маркази тиҷоратӣ дубора боз шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, дар ин ҳодиса як нафар боздошт шуд.
Хабарҳо аз маркази тиҷоратии "Арндейл" як рӯз баъд аз таркиши толори консертии Манчестер, воқеъ дар шимоли Британия, пахш шуданд, ки 22 нафар бо шумули кӯдаконро қурбон кард. Бомбаро маргталабе ба кор даровард. Мақомоти Британия гуфтанд, ки ин ҳодисаи террористӣ аст.