Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черкесҳо ёдбуди табъиди миллати худро баргузор карданд


Пайкараи "Миллати рондашуда"
Пайкараи "Миллати рондашуда"

Ҷамъияти черкесҳо ва намояндагони ҷомеаи Гурҷистон рӯзҳои 21-22 май дар маросими мотами бахшида ба қурбониёни Ҷанги Қафқоз, ки дар асри XIX ҷараён гирифта буд, иштирок карданд.

Баъзе аз созмонҳои черкесҳо ва мақомоти Гурҷистон ҳодисаҳои Қафқози шимолу ғарбиро "наслкушии черкесҳо" унвон кардаанд. Соли 2011 порлумони Гурҷистон ин ҳодисаро расман "наслкушӣ" эътироф намуда ва "қатли ом"-и черкесҳо аз ҷониби императории Русияро маҳкум кард.

Маросими мотами бахшида ба қурбониёни ҷанги садсолаи Қафқоз (1763-1864) дар канори рӯдхонаи Кура, воқеъ дар шаҳри Анаклаи Гурҷистон баргузор шуд. Ин ҷанг бо ихроҷи аксар қавмҳои черкес аз Қафқоз ба Туркия анҷомид.

Бахши умдаи черкесҳоро, ки Русияи подшоҳӣ онҳоро аз сарзаминҳояшон ронд, ё дар ҷараёни даргирӣ кушта шуданд ва ё дар тӯли солҳои зиндагӣ дар ғурбат ҳуввияти худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG