Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба Ховари Миёна сулҳ ваъда кард


Доналд Трамп ва Маҳмуд Аббос - 23 майи соли 2017
Доналд Трамп ва Маҳмуд Аббос - 23 майи соли 2017

Рӯзи 23 май президенти ИМА Доналд Трамп дар шаҳри Байтуллаҳм бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кард.

Раиси ҷуҳмури Амрико қавл дод, ки барои дастрасӣ ба сулҳу созиш дар Ховари Миёна, тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод. Аббос дар навбати худ, омодагии Фаластинро барои ҳамкорӣ бо ИМА ва "имзои созиши таърихии сулҳ бо Исроил" баён дошт. Раҳбари Фаластин таъкид кард, ки низои байни Фаластину Исроил хусусияти мазҳабӣ надорад: мушкили аслӣ "ишғоли қаламрав ва сукунати муҷаддад аст".

Трамп ба канораи ғарбии рӯди Урдун аз Байтулмуқаддас омад. Ӯ дар он ҷо бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард, ки гуфтааст бори аввал эҳтимоли воқеии сулҳ дар минтақаро эҳсос мекунад.

Нетаняҳу аз бозгашти ба гуфтаи ӯ " раҳбарии Амрико дар Ховари Миёна"-истиқбол кард. Трамп ба ин ишора кард, ки ҳарос дар баробари таҳкими низомии Эрон мавқеи давлатҳои арабиро бо Исроил наздик кардааст.

XS
SM
MD
LG