Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салмон Обидӣ гумонбари ҳамла ба Манчестер эълон шуд


Амали террористӣ дар Манчестер
Амали террористӣ дар Манчестер

Мақомоти Бритониё Салмон Обидиро гумонбари ҳамла ба толори консертии Манчестер, шимоли Бритониё, муайян кардаанд. Дар пайи ин ҳамла 22 нафар кушта ва 9 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Қабл аз ин, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба толори консертии Манчестерро бар дӯш гирифта ва бо пахши изҳорот дар шабакаи иҷтимоӣ иддао кард, ки ҳамларо як узви ин гурӯҳ анҷом додааст. Дар изҳорот омадааст, ки "бомбаро як сарбози хилофат дар байни ҷамъияти мардум ҷой кард". ДИИШ, инчунин, аз ҳамлаҳои бештар ҳушдор дод.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй гуфта буд, номи бомбагузори маргталаб, ки толори консертии Манчестерро тарконд ба пулис маълум аст, аммо ба хотири халалдор накардани раванди тафтишот эълон намешавад. Ба маълумоти пулис, бомбаро нафаре ба кор даровард, ки дар саҳнаи ҳодиса кушта шуд.

Тереза Мэй гуфт, шубҳае нест, ки ин амали террористӣ буд.

Рӯзи 22-юми май дар пайи таркиш дар толори консертии Манчестер дастикам 22 нафар кушта шуд. Дар байни кушташудаҳо кӯдакон низ буданд. 59 нафари дигар захмӣ шудааст. Дар байни 59 маҷрӯҳ 12 кӯдаки то 16-сола ҳаст.

Инфиҷор баъд аз ҳунарнамоии ситораи попи Амрико Ариана Гранде сурат гирифт. Тӯдаи тамошобинон аз ҳарос ба сӯи баромадгоҳҳо давиданд. Нахуствазири Британия Тереза Мэй ба хонаводаи қурбониҳо изҳори тасаллият кард. Ба дунболи ин ҳамла ҳизби муҳофизакори Мэй ва аҳзоби сиёсии дигар маъракаи интихоботиро қатъ карданд.

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Олмон, Русия Чин ва Тоҷикистону давлатҳои дигар ин ҳамларо маҳкум намуданд.

Толори консертии Манчестер, ки Ариана Гранде дар он ҳунарнамоӣ мекард, бузургтарин толори ҳунарии Аврупо бо ғунҷоиши беш аз 20 ҳазор тамошобин аст. Ҳангоми ҳунарнамоии Ариана толор лабрези тамошобин буд.

XS
SM
MD
LG