Қарори сафари бидуни раводии шаҳрвандони Украина рӯзи 22 май дар маҷаллаи расмии Иттиҳоди Аврупо нашр шуд ва иҷрои он 20 рӯз баъди нашр, 11 июн оғоз мешавад.
Ин санадро порлумони Иттиҳоди Аврпуо ва Шӯрои намояндагони Аврупо рӯзи 17 май дар Страсбург имзо карданд. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, ки дар маросими имзои санад ҳузур дошт, ин рӯзро барои кишвараш "рӯзи таърихӣ" унвон кард.
Шаҳрвандони Украина, ки шиносномаи биометрӣ доранд, ба истиснои Британия ва Ирландия, метавонанд ба ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврпуо то 90 рӯз бидуни виза сафар кунанд. Ин қарор ҳамчунин дар кишварҳои узви созишномаи Шенген - Норвегия, Шведсария, Исландия ва Лихтенштейн ҳукми иҷро дорад.