Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд боғи Ишқобод бунёд мешавад


Дар шаҳри Тошканд боғи Ишқобод бунёд карда мешавад, ки рамзи муносибатҳои дуҷонибаи Узбакистону Туркманистон хоҳад шуд. Дар ин бора президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хабар дод.

Мирзиёев ҳамчунин мардуми Туркманистонро бо рӯзи Конститутсияашон ва зодрӯзи шоир Махдумқулӣ табрик гуфт. "Зодрӯзи шоири бузург дар Узбакистон ба таври густарда таҷлил мешавад ва ба номи ӯ кӯча ва муҷассамае низ гузошта шудааст. Дар ин кӯча боғи Ишқобод ҳам бунёд хоҳад гашт", - афзуд ӯ.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбакистон, дар ҳошияи мулоқоти мазкур миёни вазорату ниҳодҳои давлатии ду кишвар як қатор санадҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар бахши энергетика, нафту газ, ҳамлу нақл, илму маориф, ҷаҳонгардию варзиш ва экология имзо шудаанд.

Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов баъди мулоқоташон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки гуфтугӯҳо дар руҳияи эҳтирому боварӣ ба ҳамдигар ва фазои корӣ баргузор шуда, созишномаҳои имзошуда Узбакистону Туркманистонро ба сатҳи нави ҳамкорӣ хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG