Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ мактабҳои Тоҷикистонро таъмир мекунад


Бисёре аз мактабҳо дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кӯҳнаву фарсуда шудаанд.
Бисёре аз мактабҳо дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

Бунёди Рушди Арабистони Саудӣ барои тармиму навсозӣ ва муҷаҳҳаз кардани даҳҳо мактаб дар Тоҷикистон 35 миллион доллар кӯмак мекунад. Вазорати молия хабар дод, ки қарордод дар ин заминаро рӯзи 16-уми май дар шаҳри Риёз Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ва Юсуф Иброҳим ал-Бассом, раиси бунёд дар шаҳри Риёз ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи вазорат, 35 миллион доллар барои навсозӣ ва муҷаҳҳаз кардани мактабҳои вилояти Хатлон ва ҳам чанд ноҳия дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ харҷ мешавад. Тарҳи навсозии мактабҳо то 6 соли оянда ва то соли 2023 иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG