Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис: Зарбаи мошин ба раҳгузарон дар Ню Йорк амали террористӣ набуд


Яке аз қурбониёни ҳодиса дар Таймс-сквер

Пулиси Ню Йорк шоми панҷшанбе гуфт, ки ҳодиса дар майдони "Таймс-сквер", ки дар натиҷаи он як нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуд, амали террористӣ набуд.

Ричард Роҳаси 26 сола рӯзи 18 май раҳгузарҳоро дар маркази Манҳеттэн бо мошинаш пахш кард, ҳангоми берун шудан аз мошин боздошт шуд. Биноба иттилои пешакӣ, ӯ мушкили равонӣ дорад ва мехост, мавриди оташи пулис қарор бигирад. Қурбонии Роҳас як духтари сайёҳ буд, ки 18 сол дошт. Аз 22 нафар маҷрӯҳ, ки ба бемористонҳо интиқол ёфтанд, вазъи чаҳор нафар сангин аммо барои зиндагӣ бехатар арзёбӣ мешавад.

Роҳас ҳангоми ҳодиса маст набуд , аммо пулис гумон дорад, ки эҳтимол ӯ маводи мухаддир масраф кард. Дар гузашта ӯ ду дафъа барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шуда буд. Чанд рӯз пеш ҳам ба сари як муншӣ корд кашид, ки барои имзои санади молӣ омада буд.

Ричард Роҳас аз соли 2011 то соли 2014 дар киштии зиддисухтори нерӯҳои баҳрии Амрико хизмат мекард, вале ӯро барои нақзи оиннома хориҷ карданд. Дар ҷараёни хизмат ду дафъа боздошт шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки вақтҳои ахир ӯ бисёр шароб менӯшид ва дучори таваҳҳум шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG