Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Светлана Алексиевич овозаи марги худро рад кард


Светлана Алексевич, дорандаи ҷойиза Нобел
Светлана Алексевич, дорандаи ҷойиза Нобел

Дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Светлана Алексиевич, овозаи маргашро, ки дар Твиттер пахш шуда буд, рад кард. Алексиевич ба хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар Сеул аст ва бо ӯ ҳеҷ ҳодиса нашудаст.

Матбуот хабари марги дорандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2015, Светлана Алексиевичро рӯзи 18 май бо такя ба навиштаи вазири фарҳанги Фаронса Франсуаз Ниссен пахш кард, ки дар Твиттер гузошта буд. Баъдан маълум шуд, ки ин хабар ва худи саҳифа тақаллубӣ будаст.

Маълумоти бардурӯғро аз ин саҳифа рӯзноманигори итолиёвӣ Томассо Дебенедетти пахш кард. Ин рӯзноманигор пайваста хабарҳои бардурӯғ нашр мекунад ва мегӯяд, ки ин корро ба хотири "аҳмақ" кардани матбуот анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG