Пайвандҳои дастрасӣ

"Ямал" аз моҳи июн ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад


Ширкати ҳавопаймоии русии “Ямал” фурӯши билетҳоро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 18 май ба “Радиои Озодӣ” хабар доданд, ки дар мавриди парвози ҳавопаймоҳҳои ин ширкат ба Тоҷикистон протокол ба имзо расидааст ва аз моҳи июн ин парвозҳо оғоз мешаванд. Ҳарчанд дар вазорати нақлиёт теъдоди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ямал”-ро ба Тоҷикистон мушаххас накарданд, аммо Иля Лебедев, мудири тиҷории ин ширкат ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ҳар ҳафта 3 парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом мешаванд. Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доштанд. Тарафи Русия талаб дошт, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG