Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 7 сол: дар Беларус ҷумбиши оппозитсионӣ расман сабтином шуд


Ҷумбиши оппозитсионии беларусӣ бо номи “Ҳақиқатро бигӯ” (“Ҳавари правду”) баъди ҳафт соли талоши бенатиҷаи сабти номаш ниҳоят ба қайд гирифта шуд. Татяна Короткевич, ҳамраиси ин ҷумбиш дар як изҳороташ дар баробари хабарнигорон дар Минск рӯзи 16 май гуфт, ки аз соли 2010 ин ҷумбиш талош дошт, ки дар органҳои давлатии кишвар расман сабтином шуда фаъолияти худро ба таври қонунӣ ба роҳ монад, вале танҳо имсол барояшон чунин иҷозат дода шуд.

Караткевич соли 2015 дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ рақиби аслии президент Аляксандр Лукашенка буд. Вай гуфт, ки вақте мақомот ба онҳо бастаи сабтшудани санадҳоро супурданд, таъкид карданд, ки қонунҳои Беларусро нақз накунанд. Караткевич гуфт, ки бо вуҷуди надоштани сабтиноми расмӣ, аъзои ин ҷумбиш ҳамеша дар ҷомеа фаъол буда талош кардаанд дар ҳама интихоботҳои кишвар номзадҳои худро пешбарӣ кунанд.

Вай аз гурӯҳу созмонҳои дигари ҷӯёи ҳақи фаъолияти расмӣ даъват кард, ки барои сабтиноми худ аз нав муроҷиат кунанд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ки аз замони сари қудрат омадани Лукашенка дар соли 1994 дар Беларус садои мухолифон ва ҳизбҳои сиёсии оппозитсионӣ пахш шудааст.

XS
SM
MD
LG