Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардери рус Associated Press-ро ба додгоҳ кашид


Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Миллиардери наздик ба Кремлин Олег Дерипаска хабаргузории Associated Press-ро барои гузориш дар бораи равобити тиҷоратии ӯ бо раҳбари собиқи маъракаи президентии Доналд Трамп ба додгоҳ кашид.

Дар парвандаи додгоҳӣ, ки рӯзи 15 май дар додгоҳи Вашингтон ба баррасӣ гирифта шуд, султони аллюминий Олег Дерепаска гуфт, ки гузориши Associated Press дар бораи робитаи ӯ бо Пол Манафорт, ӯро бардурӯғ ба фаъолиятҳои ҷиноӣ рабт додааст.

Хабаргузорӣ гуфтааст, ки аз гузориши худ ҳимоят хоҳад кард.

Гузориши Associated Press мегӯяд, чанд сол пеш ҳангоми ҳамкорӣ бо Дерипаска, Манафорт тарҳеро пешниҳод кард, ки он таъсиргузорӣ ба сиёсат ва созишҳои тиҷоратӣ, пӯшиши хабарӣ дар саросари Ийолоти Муттаҳида, Аврпуо ва кишварҳои собиқ шӯравиро тавре ба роҳ мемонд, ки ба нафъи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин анҷом мешуд.

Баъди нашри гузориш Дерипаска барои таблиғоташ ба нашрияҳои амрикоӣ пул дод ва Associated Press-ро ба ташкили "маъракаи азими гумроҳкунанада" алайҳи худ муттаҳам кард.

Манафорт моҳи августи соли 2016 аз мақоми маъракадори Доналд Трамп, дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот дар ҳоле истеъфо дод, ки пул гирифтанаш аз як ҳизби сиёсии Украина расонаӣ шуд.

XS
SM
MD
LG