Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҷудоиталабони Қарабоғ ба Озарбойҷон баъди ҳамлаи ахир


Тамрини нерӯҳои ҳавоӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ
Тамрини нерӯҳои ҳавоӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Арманистон ва ҷудоиталабоне, ки Қарабоғи Кӯҳиро таҳти назорат доранд, ба Озарбойҷон ҳушдор доданд, ҳамлаи нерӯҳои низомии ин кишвар ба сохтори зиддимушакии минтақаи ҷудоихоҳ "беҷавоб намемонад."

Сухангӯи Вазорати дифои Арманистон ва вазорати дифои худгардони минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғ ҳушдорро бо матнҳои ҳамсон рӯзи 15-уми май дар Фейсбук нашр карданд.

Онҳо ҳамларо "тавтеа" хонда ва гуфтанд, ки ҳуҷум ба сохтори мушакӣ осеб расонд, вале хисороти ҷонӣ ба бор наовард.

Пеш аз ин, Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, нерӯҳояш сохтори зиддимушакии "Оса"-ро бо сарнишинон маҳв карданд, зеро насби он дар наздикии хати назоратӣ тавтеа буд ва ба ҳавопаймоҳои Озарбойҷон таҳдид мекард.

Қарабоғи Кӯҳӣ расман як бахши Озарбойҷон аст, аммо ҷудоиталабон ин минтақаи арманинишинро дар ҷараёни ҷанги солҳои 1990, ки 30 ҳазор қурбонӣ дорад, таҳти назорат гирифтанд. Талошҳои дипломатии ҳалли мусолиматомези низоъ дар 25 соли ахир самар надоданд.

XS
SM
MD
LG