Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон барои пойгоҳи Инҷирлики Туркия ҷойгузин меҷӯяд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел

Олмон сарбозони худро ба кишвари дигар интиқол медиҳад, агар Анқара ба боздиди аъзои кумитаи дифои порлумони Олмон аз сарбозон монеъ шавад. Дар ин бора рӯзи 15 май садри аъзами Олмон Ангела Меркел хабар дод. Сарбозони Олмон бо ҳайъати НАТО дар пойгоҳи Инҷирлики Туркия мустақар шудаанд.

Меркел дар нишасти матбуотӣ гуфт, барои қонунгузорон муҳим аст, ки аз ҳоли 250 сарбози кишвар дар Инҷирлик хабар бигиранд. Сарбозони Олмон дар миссияи НАТО барои мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сурия иштирок мекунанд.

"Мо музокирот бо Туркияро идома медиҳем, аммо ҳамзамон бояд роҳҳои дигари иҷрои рисолати худро пайдо кунем"- гуфт Меркел. "Ин ба маъноест, ки мо бояд барои Инҷирлик ҷойгузин пайдо кунем, ки яке аз онҳо Урдун аст."

Садри аъзами Олмон ин ҳолатро, ки қонунгузорон наметавонанд бо сарбозони кишвари худ мулоқот кунанд ҳолати "нохушоянд" номид.

XS
SM
MD
LG