Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди 5 соли зиндон барои намоиши суринҳо дар "Евровидения"


Сабқати Eurovision дар Украина
Сабқати Eurovision дар Украина

Вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков гуфт, нафаре, ки ҳангоми ҳунарнамоии овозхон Ҷамола дар даври ниҳоии озмуни "Евровидения", суринҳои худро ба намоиш гузошт, дар ростои то 5 соли зиндон қарор дорад.

Шаби 13 май дар шаҳри Киев даври ниҳоии озмуни ҳунари "Евровидения" баргузор шуд ва ҷавоне дар пушт парчами Австралия ба саҳна баромада, суринҳои худро намоиш дод. Тавре баъдан маълум шуд, ӯ шаҳрванди Украина Виталий Седюк будааст.

"Седюк бар пояи банди 208-и Кодекси ҷиноии Украина 72 соат ба ҳабс гирифта шуда, 15 май парвандаи ӯро додгоҳ дар асоси моддаи 296, ки аз ҷарима то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, баррасӣ хоҳад кард", - навишт Аваков дар Фейсбук.

Худи Седюк дар шарҳи амалаш гуфт, ки ӯ "ғайрирасмӣ ҳамчун рӯзноманигори ҳангомасоз кор мекунад". Ӯро муҳофизон зуд аз саҳна берун бурданд.

Баъдан барои рафтори Седюк рӯзноманигоре аз Австралия узр пурсида, гуфт, ки ин шахс аз кишвари ӯ намояндагӣ намекунад. "Амали ин мард моро хеле тарсонд. Бисёр мутаассифам", - афзуд ӯ.

Дар даври ниҳоии озмуни ҳунари "Евровидения" намояндаи Португалия баранда эълон шуд.

XS
SM
MD
LG