Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис марги Сайвалии "сартарош"-ро таҳқиқ мекунад


Ҷасади беҷони Сайвалӣ Бозоров -- як сокини шаҳри Кӯлоб, шоми 14 май аз манзилаш пайдо шуд. Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар робита ба марги ин сокини 47-солаи Кӯлоб, ки миёни сокинон ҳамчун сартароши номӣ маъруф буд,таҳқиқот оғоз шудааст. Наздикони Сайвалӣ Бозоров мегӯянд, ки эҳтимолан ӯ дар пайи муноқиша бо яке аз ҳамсояҳо дар хусуси қитъаи замин, даст ба худкушӣ задааст. Аммо масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки танҳо тафтишот сабаби аслии марги Сайвалӣ Бозоровро муайян хоҳад кард. Сайвалӣ Бозоров тайи солҳои ахир дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб бо сартарошӣ машғул будааст. Вай бо ин машғулияти худ дар шаҳри Кӯлоб мавриди эҳтироми мардум қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG