Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори Куриёи Шимолӣ Чину Русияро нигарон кардааст


Мушоҳидаи озмоиши мушак дар Куриёи Ҷанубӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин аз авҷ гирифтани танишҳо дар нимҷазираи Куриё изҳори нигаронӣ карданд. Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, рӯзи 14-уми май гуфт, ду раҳбар “авзоъ дар нимҷазираи Куриёро бо ҷузъиёташ баррасӣ карданд” ва аз авҷ гирифтани танишҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Сӯҳбати ду тараф баъд он сурат гирифт, Куриёи Шимолӣ як мушаки нави балластикиро озмоиш кард. Ба гуфтаи мақомоти Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, мушак дар баландии 2000 километр дар ним соат 700 километр тай карда ва дар Баҳри Ҷопон суқуқт кардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, тассавур намекунад, ки Русия аз озмоиши мушаки нави Куриёи Шимолӣ, ки дар наздикии қаламраваш дар Шарқи дур афтод, “хушҳол шуда бошад.” Созмони Милал озмоиши мушакҳои балластикӣ ва атомӣ дар Куриёи Шимолиро манъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG